Ҷойҳои кории холӣ дар ширкати «Пермтрансжелезобетон»
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи фаъолияти меҳнатӣ мебошанд:
Ҷамъияти саҳҳомии «Пермтрансжелезобетон» (АО «ПТЖБ») бо эҳтиром барои ҳамкорӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷойҳои кории холӣ даъват менамояд.
Ҷойи кор: Федератсияи Русия, вилояти Перм, ноҳияи Краснокамск, шаҳраки Оверята, кӯчаи Комсомолская, 2.
Реҷаи корӣ: 5/2, 8 соат дар як рӯз.
Музди меҳнат: аз 70 000 рубл ва болотар (вобаста ба иҷрои нақша).
Мукофотпулӣ: аз 10 000 то 23 500 рубл, вобаста ба дараҷаи тахассус ва собиқаи корӣ.
Талаботи корфармо:
* мардони то 35-сола;
* таҳсилоти миёна;
* масъулиятнокӣ ва меҳнатдӯстӣ;
* қобилияти кор дар даста;
* донистани забони русӣ.
Шароити пешниҳодшаванда аз ҷониби корфармо:
* пардохти роҳкиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷойи кор (дар ҳолати кор кардан на камтар аз 11 моҳ);
* интиқол аз фурудгоҳ то ҷойи кор;
* таъмин бо ғизо ва ҷойи зист;
* бақайдгирии муҳоҷиратӣ;
* пардохти маблағи патент;
* суғуртаи тиббӣ.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед бо намояндагони масъул тамос гиред:
1. Филатова Любов Николаевна
Телефон: +7 919 499 85 11
Почтаи электронӣ:
filatovalubovn@yandex.ru
2. Екатерина Александрова Лузина
Телефон: +7 950 478 18 72
