Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 октябрь 2021, Вторник
582
0
Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамватанони азиз, роҳбарони диаспораҳо, аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саодатмандӣ, некномӣ ва дастоварду музафариятҳоро таманно мекунам.
Забони тоҷикӣ яке аз куҳантарин забонҳои гуруҳи ҳиндуаврупоӣ буда, дар тули ҳазорсолаҳои таърихӣ зери ҳуҷуми аҷнабиёни бегона қарор дошта, вале бо бузургиву шаҳомати хеш дар тули қарнҳои беамонӣ дар қаламрави тоҷикнишини Хуросони бузург асолат ва ҳувияти хешро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ барои мо аз насли дирӯзи миллат боқӣ мондааст.
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ иқдомоти шоистае роҳандозӣ карда шуда, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, ҷиҳати амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.
Шоистаи зикр аст, ки бо роҳнамоиҳои Роҳбари давлат имкониятҳо ва такомули ҷиддие дар роҳи ташаккули забони модарӣ рӯи кор омада, асарҳои нодири ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва мунташир гардида, ҳамзамон, дар бонуфӯзтарин созмонҳои ҷаҳонӣ, забони тоҷикӣ садо дод.
Мову шумо, ки берун аз қаламрави Тоҷикистони соҳибистқилол қарор дорем, бояд барои густариши рукнҳои забони давлатӣ, эҳёи он, гиромӣ доштани он дар хориҷи кишвар ва миёни тоҷикони муқимӣ пайваста талош намоем. Барои фарзандони тоҷикони муқимии дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ, китобҳои нодир ба забонҳои тоҷикӣ ва дигар маводу матлабҳои таҳияшуда ба забони модарӣ омода ва дастрас намоем.
Қобили зикр аст, ки бо забони ноби тоҷикӣ осори гаронбаҳои миллати тоҷик буда, гуҳартарин абётҳои шоирону адибони оламшумули классик, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдиву Камол, Донишу Айниву Турсунзодаву Лоиқ нигошта шудааст, ки барои ташаккули ҷаҳони маданиву фарҳангии халқҳои гуногуни ҷаҳон саҳми ногузир доранд.
Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ҳазорсолаҳои дигар нуфузи оламшумулашро нигоҳ дошта, фарзандони фарзонаи ин миллат барои рушди минбаъда ва ташаккули мадании он дар раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат ва саҳмгузорӣ намоянд.
Бори дигар Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Читайте также:

Таъзия
05 август 2021, Четверг
Таъзия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ