Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ДЖОВИДОН ИСМОИЛОВ СТАЛ ЧЕМПИОНОМ ЕВРОПЫ

ДЖОВИДОН ИСМОИЛОВ СТАЛ ЧЕМПИОНОМ ЕВРОПЫ

06 апрель 2022, Среда
443
0
ДЖОВИДОН ИСМОИЛОВ СТАЛ ЧЕМПИОНОМ ЕВРОПЫ
2-3 апреля 2022 года Всемирная федерация пауэрлифтинга WRPF провела открытый чемпионат Европы в г. Долгопрудный Московской области, в котором приняли участие 304 участника.
В соревнованиях приняли участие спортсмены из Российской Федерации, Азербайджана, Беларуси, Латвии, Сербии, Болгарии, Украины, Кыргызстана, Казахстана, Узбекистана и Таджикистана.
Республику Таджикистан представлял Исмоилов Джовидон, временно проживающий в г. Москва, Российская Федерация.
В этих соревнованиях результат спортсмена по жиму лежа 211,5 кг, в результате которого он стал абсолютным чемпионом соревнований, завоевав золотую медаль.
Следует отметить, что Исмоилов Джовидон уже 20 лет живет, учится и занимается спортом на территории Российской Федерации, представляя Республику Таджикистан на соревнованиях.

ҶОВИДОН ИСМОИЛОВ ЧЕМПИОНИ АВРУПО ШУД

Санаи 2-3 апрели соли 2022 аз ҷониби Федератсияи ҷаҳонии пауэрлифтинги муҷаҳҳазнашудаи Федератсияи Россия (Всемирная безэкипировочная федерация пауэрлифтинга России (ВБФП-RU)) Чемпионати кушоди Аврупо дар шаҳри Долгапруднии вилояти Москва баргузор гардид, ки дар он 304 нафар вазишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Белоруссия, Латвия, Сербия, Булғористон, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи варзишӣ Исмоилов Ҷовидон, ки муваққатан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иқомат дорад, муаррифӣ намуд.
Ҷовидон дар мусобиқаи мазкур дар вазни 211,5 кг вазнбардорӣ намуда, қаҳрамони мутлақи мусобиқа дониста шуда, соҳиби медали тилло гардид.
Мавриди зикр аст, ки Исмоилов Ҷовидон муддати 20 сол аст, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия иқомат, таҳсил ва фаъолияти варзишӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳо муарррифӣ менамояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Ҷовидон Исмоиловро ба ин дастоварди варзишӣ табрик намуда, барояш дастовардҳои навбатиро таманно мекунад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ