Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023

Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023

30 декабрь 2022, Пятница
673
0
Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023
Ҳамдиёрони азиз!

Шуморо бо фаро расидани Соли нави мелодии 2023 самимона табрику муборакбод мегӯем.

Соли 2022 дар хотири мардуми кишвар ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин соли нави 2023–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати кишвар истиқбол мегирем.

Бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки соли 2022–ум барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фарорасии соли нави 2023-ум, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоем.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ