Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

25 январь 2023, Среда
409
0
ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Ҳамкасбони азиз,

Ҳамаи шуморо бахшида ба иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон саодату комёбӣ, дастовардҳои назарраси касбӣ ва оромиву осудагии рӯзгорро таманно менамоем.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағийру иловаҳо ворид гардид, ки дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи фархунда боиси ифтихори ҳар як кормандони соҳаи меҳнат мебошад, ки мо онро бо рӯҳияи идона ва дар фазои сулҳу суботи Ватани маҳбубамон истиқбол менамоем.

Итминони комил дорем, ки дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи меҳнат ба таври густурда рушд намуда, баҳри фароҳам овардани шароити созгори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бори дигар Шуморо бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро табрик намуда, барои ҳамаи Шумо саломативу сарҷамъӣ, саодати рӯзгор ва барои кишвари азизамон тинҷию амонӣ ва ваҳдати ҷовидонаро таманно менамоем.

Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ