Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон

Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон

15 июнь 2024, Суббота
842
0
Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон
Ҳамватанони гиромӣ!

Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоем.

Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.

Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон шукр мекунем, ки иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоем, ки дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.

Ҳамчунин, омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстиву ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст.

Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст.

Мо вазифадор ҳастем, ки арзишҳои неку созандаи дину ойинамонро бо анъанаҳои неки илмомӯзиву маърифатпарварии мардуми куҳанбунёдамон такмил дода, онҳоро барои рушди босуботи давлат ва Ватани азизамон равона созем.


Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати софдилонаву содиқона метавонем нақшаҳои созандаи худро амалӣ намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватанамонро обод, давлатамонро пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Бо изҳори итминон ба ояндаи неки Ватани соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву босаодат ва неъмати бузурги суботу оромӣ орзу менамоем.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ