Мулоқот бо Сардори Маркази муқовимат ба экстремизми ВКД Русия дар вилояти Ярославл

Мулоқот бо Сардори Маркази муқовимат ба экстремизми ВКД Русия дар вилояти Ярославл

24 апрели соли 2026 мулоқоти масъулини Намояндагӣ ва роҳбари Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ярослав «Сомониён» бо Баҳодур Надирович Қодиров — сардори Маркази муқовимат ба экстремизм (ЦПЭ) – и ВКД Русия дар вилояти Ярославл баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба идеологияи терроризм ва ҷилавгирӣ аз экстремизм, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон, шинохти аломатҳои таҳдиди эҳтимолӣ ва амниятӣ дар захираҳои интернетӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои хатарнок ҳангоми муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чораҳои асосии эҳтиетӣ ҳангоми кор бо манбаъҳои номаълуми иттилоот барои пешгирӣ аз ворид шудан ба сайтҳои қаллобӣ ё ҷалб шудан ба амалҳои ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор доданд.