Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунанда дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ярославл

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунанда дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ярославл

24 апрели соли ҷорӣ дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ярославл масъулини Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбари Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ярослав «Сомониён» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунандаро бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Ярославл фаъолият менамоянд, баргузор намуданд. 
Зимни вохӯрӣ навгониҳо ва талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия ва меъёрҳои интизоми меҳнат ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеъа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дорои хусусияти тахрибкорона, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, шаҳрвандон ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва барои ташкили чунин вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.