НОМНАВИШТИ МУҲОҶИРАТӢ ДАР ХОНАҲОИ ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН

НОМНАВИШТИ МУҲОҶИРАТӢ ДАР ХОНАҲОИ ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН

Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар қаламрави Россия тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат лоиҳаи нақшавии хонаҳои инфиродӣ ҳамчун, ташкилотҳои қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд, хизматрасониҳо дар ин маконҳо чун меҳмонхонаҳо амалӣ карда мешаванд.

Бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар чунин ҷой баробар ба меҳмонхонаҳо буда, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ҷойҳои мазкур худро ба қайд гиранд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, соҳиби меҳмонхона (хонаи қабул барои меҳмонон) огоҳиномаро дар бораи вуруд ва рафтани шаҳрванди хориҷӣ (ду нусха) пур намуда, маълумотро барои сабти муҳоҷиратӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд.

Дар ин самт шаҳрванди хориҷӣ, ки дар ин меҳмонхонаҳо зиндагӣ менамоем, бояд дастурҳои зерринро якҷо бо соҳибмулк анҷом диҳанд:

1. Соҳиби меҳмонхона қисми ҷудошавандаи огоҳиномаи вурудро ҳамчун гирифтани огоҳинома қайд мекунад ва сипас онро фавран ба шаҳрванди хориҷӣ медиҳад;

2. Дар сутуни «Номи пурраи меҳмонхона, суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ» номи меҳмонхона ва суроғаи воқеии онро ворид кунед; дар сутуни «Вазифа» «соҳиби меҳмонхона»-ро нишон диҳед;

3. Як нусхаи огоҳинома аз ҷониби соҳиби меҳмонхона ба муддати як сол нигоҳ дошта мешавад ва нусхаи дуюм дар давоми як рӯзи корӣ пас аз расидани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои будубош ва на дертар аз нисфи шаби рӯзи кории пас аз рӯзи рафтан ба мақомоти маҳаллии Вазорати корҳои дохилии Россия пешниҳод карда мешавад;

4. Пешниҳоди огоҳиномаи вуруд бо ду нусхаи бақайдгирӣ ҳамроҳ карда мешавад;

5. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар меҳмонхона рӯзи ғайрикорӣ истиқомат кунад, огоҳиномаи вуруд дар давоми як рӯзи корӣ, фавран пас аз рӯзи ғайрикорӣ фиристода мешавад;

6. Барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷои будубошашон дар меҳмонхона боҷи давлатӣ ситонида намешавад, агар онҳо дар макони муайяншуда кор накунанд;

7. Агар маълумот дар бораи соҳиби меҳмонхона дар Феҳристи ягонаи давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ мавҷуд бошад, бо он шахс созишномаи мубодилаи иттилооти электронӣ баста мешавад.

Иттилоъ медиҳем, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар ин самт метавон барои гирифтани кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон ба мутахассиони Намояндагӣ муроҷиат намоед.