Риояи қонунгузории кишвари иқомат
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, мерасонад, ки ҳангоми ворид шудан ба кишвари пазиранда талаботҳои қонунгузории онро риоя ва ҳангоми будубошу фаъолияти меҳнатӣ урфу одат, расму оин, меъёрҳои қонунгузорӣ ва фарҳанги Россияро эҳтиром намуда, бо сокинони маҳаллӣ муомилаи хуб намоянд.
Дар ин замина, тавсия дода мешавад, ки ба сару либоси худ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми муроҷиат ба мақомотҳои давлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ этикаи либоспӯшӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби муоширатро риоя намоед.
Рафтори инсон дар хориҷи кишвар тасаввуроти хориҷиёнро дар бораи фарҳанги ӯ ва ватанаш ташаккул медиҳад. Рафтор дар хона — симои оила, берун аз он бошад — симои халқ аст.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби шахси бегона нисбати Шумо зоҳир шудани беэҳтиромӣ, расидан ба иззати нафс, таҳқир намудан дар ҷойи ҷаъиятӣ метавонед ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Россия, намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои зеррин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
9.Суроғаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
