Истифодаи замимаи ruID барои сафар ба Федератсияи Россия

Истифодаи замимаи ruID барои сафар ба Федератсияи Россия

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, расонида мешавад, ки бо мақсади осон намудани расмиёти воридшавӣ, гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар барномаи мобилии RuID-ро насб ва сабти ном намоянд.
Барномаи RuID ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад:
• маълумоти заруриро барои сафар ва ворид шудан ба Федератсияи Россия пешакӣ пешниҳод намоянд;
• аз як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ва электронӣ истифода баранд;
• мақоми ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти марбут ба будубоши худро пайгирӣ намоянд;
• дастрасии худро ба хизматрасониҳои рақамии мақомоти давлатии Федератсияи Россия осон гардонанд.
Тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон пеш аз оғози сафар:
• барномаи RuID-ро ба телефони мобилии худ насб намоянд;
• маълумоти шахсиро тибқи талаботи барнома пурра ва саҳеҳ ворид кунанд;
• бо қоидаҳои истифодаи барнома ва талаботи амалкунанда оид ба воридшавӣ ба Федератсияи Россия пешакӣ шинос шаванд.
Истифодаи пешакии барномаи RuID метавонад ба тезонидани расмиёти марзӣ ва гирифтани хизматрасониҳои зарурӣ дар давраи будубош дар Федератсияи Россия мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки муҳлати татбиқи озмоиши истифодаи низоми рақамии воридшавӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла бо истифода аз барномаи мобилии RuID, то 31 декабри соли 2027 тамдид карда шудааст.
Дастурамал барои сабт кардани ариза дар замимаи ruID: https://youtu.be/3mSLMT_2b7g?si=kQQezbNz6m9yvQgj
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми банақшагирии сафар талаботи амалкунандаи қонунгузории Федератсияи Россияро риоя намуда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ барои дарёфти маълумот истифода баранд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
    +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.