БА ТАВАҶҶӮҲИ ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲАССИЛИНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР РОССИЯ
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, мерасонад, ки дар давраи таътили тобистона қонунгузории кишвари иқомат фаъолияти меҳнатиро бароятон иҷозат медиҳад.
Тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмие, ки аз аккредитасияи давлатӣ гузаштаанд ва дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, дар вақти таътил ё худ берун аз соати таълимӣ ё ин ки дар рӯзи истироҳатӣ ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ карданро доранд.
Пас аз оғози фаъолияти меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки дар муҳлати на кам аз се шабонарӯз нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва ё шаҳрвандии донишҷӯи хориҷиро ба мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳа пешниҳод намояд.
Донишҷӯёне, ки дар шуъбаи ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) таҳсил менамоянд, ин гуруҳи донишҷӯён бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд, ҳатто агар таҳсилоти ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) навъи классикӣ бошад.
Бо дар назардошти амалии талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат даъват ба амал меорем, ки дар ин давра донишҷӯёнро зарур аст, ки ҳолати талаботи қонунгузориро ба инобат гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.
Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ ва машваратии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоед. Суроға: кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40 ва ё ба рақамҳои зеррин муроҷиат намоед.
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68;
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
Саҳифаи расмии Намояндагӣ дар шабакаи иҷтимоии телеграмм: https://t.me/predmintrud_rt_rf
