Паёми иттилоотӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот

Паёми иттилоотӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот

Намояндагӣ ба диққати шаҳрвандон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият доранд, мерасонад, ки риояи қатъии қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат яке аз омилҳои асосии ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон мебошад.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва кам намудани хавфҳои осеббарорӣ, аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад:
• тамоми қоидаҳо ва дастурамалҳои техникаи бехатариро ҳангоми иҷрои корҳои хидматӣ ҳатман риоя намоянд;
• ҳатман аз либоси махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (тоскулоҳ (каска), дастпӯшак, айнак ва ғайра) вобаста ба намуди фаъолият истифода баранд ;
• дастурдиҳӣ (инструктаж) ва омӯзиш оид ба техникаи бехатариро пеш аз оғози кор гузаранд;
• аз иҷрои корҳое, ки ба онҳо иҷозат ё омодагии касбӣ надоранд, худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон таъкид мегардад, ки ҳар як шаҳрванд бояд муносибатҳои меҳнатии худро бо корфармо ба таври пурра ба расмият дарорад. Бастани шартномаи меҳнатӣ кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои корманд буда, дар он бояд шартҳои кор, музди меҳнат, вақти корӣ ва инчунин тартиби пардохти ҷубронпулӣ дар ҳолати гирифтани осеби истеҳсолӣ ё дигар ҳодисаҳои нохуш пешбинӣ гардида бошанд.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаи истеҳсолӣ, корманд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба ҷубронпулӣ ва кӯмаки иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
Намояндагӣ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ба масъалаҳои бехатарии меҳнат бо масъулияти баланд муносибат намуда, саломатӣ ва ҳаёти худро дар ҷои аввал қарор диҳанд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru