Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро қонунӣ анҷом диҳед.

Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро қонунӣ анҷом диҳед.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, иттилоъ дода мешавад, ки пас аз гирифтани патент ва ба кор оғоз намудан, риояи як қатор уҳдадориҳо ҳатмӣ мебошад. Иҷро накардани ин талабот метавонад боиси бекор шудани патент ва татбиқи чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла хориҷсозӣ (депортатсия) гардад.

  1. Уҳдадориҳои корфармо
    Корфармо (шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ) уҳдадор аст мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Россияро дар бораи ба кор қабул намудан ё қатъи шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷир огоҳ намояд.
    Муҳлат: қатъиян дар давоми 3 рӯзи корӣ аз санаи имзои шартнома ё қатъи он.
    Аз ҷониби муҳоҷир: тавсия дода мешавад нусхаи огоҳиномаи ирсолшуда бо қайди қабул (ё тасдиқи почтавӣ) аз корфармо гирифта шавад, зеро ин ҳуҷҷат далели фаъолияти қонунии меҳнатӣ мебошад.
  2. Уҳдадориҳои шахсии муҳоҷир (огоҳиномаи шахсӣ)
    Ҳар як муҳоҷире, ки патент дорад, уҳдадор аст шахсан мақомоти ВКД-ро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатии худ огоҳ намояд.
    Муҳлат: қатъиян дар давоми 2 моҳ аз рӯзи гирифтани патент.
    Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
    • варақаи пуркардашудаи огоҳинома (замимаи №1 ба Фармони ВКД ФР № 655 аз 05.09.2023);
    • нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ (ГПХ).
    Истисно: агар шумо аз ҷониби шахси воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ ба кор қабул шуда бошед, шартнома метавонад шифоҳӣ бошад. Дар ин ҳолат замима кардани шартнома талаб намешавад, аммо дар варақаи огоҳинома бояд маълумоти шиноснома ва суроғаи корфармо нишон дода шавад.
  3. Роҳҳои пешниҳоди огоҳинома
    Тарзи 1: тавассути портали “Госуслуги” (роҳи зудтарин)
    • ворид шудан ба утоқи шахсии тасдиқшуда;
    • пур кардани шакли электронӣ (бо маълумоти шиноснома, патент ва корфармо);
    • боргузории нусха ё акси босифати шартномаи меҳнатӣ;
    • ирсоли дархост.
    Тасдиқи мақомоти ВКД дар давоми 1 рӯзи корӣ ба утоқи шахсии рақамӣ ирсол мегардад.
    Тарзи 2: шахсан ба маркази муҳоҷират (ВКД)
    • пур кардани варақаи расмии огоҳинома бидуни иштибоҳ;
    • омода намудани ҳуҷҷатҳо: шиноснома (асл), тарҷумаи нотариалии он, патент (асл) ва нусхаи шартнома;
    • пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи ВКД, ки патентро додааст;
    • гирифтани қисми ҷудошавандаи огоҳинома бо муҳр (талони тасдиқӣ) ва нигоҳ доштани он ҳамроҳ бо патент.
  4. Ҳангоми қатъи фаъолияти меҳнатӣ
    Дар сурати қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ, муҳоҷир уҳдадор аст дар муҳлати 15 рӯзи корӣ ҷойи кори нав пайдо намуда, шартномаи нав ба имзо расонад. Дар ҳолати риоя накардани ин меъёр, патент метавонад бекор карда шавад.
    Риояи қатъии талаботи қонунгузории Федератсияи Россия дар самти огоҳ намудани мақомоти дахлдор, кафили фаъолияти қонунии меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки ҳамаи муҳоҷирон ба ин қоидаҳо ҷиддан муносибат намуда, ҳуҷҷатҳои худро сари вақт ва дуруст ба расмият дароранд.
    Пайванд барои дастрас намудани варақаи огоҳинома : https://mc.mos.ru/minio/mc-mos/uvedomlenie_47a5c48d91.pdf

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
    Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru