Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Конфронс: Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият

Конфронс: Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият

04 август 2021, Среда
353
0
Конфронс: Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-28 августи соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият» баргузор мегардад.
Конференсияи мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо шарикони рушд баргузор гардида, он аз ҷаласаи пленарӣ ва чор бахши тематикии зерин иборат аст:
1.Масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
2.Ташаккули равандҳои муҳоҷират дар давраи Истиқлолияти давлатӣ;
3.Рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ дар замони Истиқлолият;
4.Масъалаҳои рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунарҳои мардумӣ;
Мавриди зикр аст, ки дар кори конфронс роҳбарони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳа, намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, муҳаққиқони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иштирок ва маърӯза менамоянд.
Дар бахшҳои тематикии конференсия масъалаҳои зайл аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа мавриди муҳокимаҳои илмиву назарявӣ қарор мегиранд:
•Масоили ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ;
•Масоили ташкил кардан ва омӯзиши кадрҳо дар сатҳи муассисаҳои таълими ибтидоии касбӣ, миёнаи махсус, макотиби олии кишвар;
• Рушди системаи шарикии иҷтимоӣ ва ҳалли баҳсу мунозираҳо;
•Масоили рушди захираҳои инсонӣ бо назардошти прогресси илмию техникӣ
•Масоили ташаккул ва рушди бозори меҳнат
•Рушди шуғли фосилавӣ ва таъмини самтҳои афзалиятноки шуғл
•Самтҳои стратегии паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ
•Роҳҳои ҳалли масоили муҳоҷирати меҳнатии берунӣ
•Рушди соҳибкории хурд ва миёна
•Таъсири пандемия COVID-19 ба вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
•Масоили муҳоҷирати дохилии захираҳои меҳнатӣ
•Ташаккулёбии системаи идоракунии ҳифзи меҳнат
•Такмили механизми давлатии таъмини шароити меҳнат
•Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат – яке аз самтҳои таъмини шуғл дар бозори меҳнат
•Масоили рушди сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ.
•Таъсири пандемия COVID-19 ба тамоюли муҳоҷирони меҳнатии баргашта.
•Рушди инноватсионии нерӯи кадрҳои системаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ ҳамчун объекти системаи идоракунии меҳнат.
•Тамоюли асосии рушди ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори дохилию берунии ҷумҳурӣ.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Барои иштирок намудан дар кори конференсия хоҳишмандон бояд маърӯза ва баромади худро дар ҳаҷми то 6 саҳифаи чопӣ ва электронӣ то 15 августи соли 2021 пешниҳод намоянд.
Матни баромад ва мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байнисатрии 1 мм, бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ - Times New Roman), кегл 14 , ҳошияҳояш 2 см. омода карда шавад.
Дар маърӯза маълумот дар бораи муаллиф бо тарзи зайл дарҷ карда шавад: Ном, насаб, унвони илмӣ, вазифа ва ҷои кор.
Суроға: ш.Душанбе, кучаи А.Навоӣ 5/2
Маълумот барои тамос: 236 7438;236 2425; 934443332.
Тел: 918-66-67-86, E-mail: nii-truda@mail.ru; esanginov@mail.ru.

Барои иштирок тариқи маҷозӣ дар кори конференсия санаи 27.08.2021: https://zoom.us/u/afto78ses; ва санаи 28.08.2021: https://zoom.us/u/ahUHtPElT

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ