Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Дар садамаи нақлиётӣ тоҷикон ба қайд гирифта нашудаанд

Дар садамаи нақлиётӣ тоҷикон ба қайд гирифта нашудаанд

01 июль 2021, Четверг
80
0
Дар садамаи нақлиётӣ тоҷикон ба қайд гирифта нашудаанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба маводи нашрнамудаи пойгоҳи хабарии “SPUTNIK Тоҷикистон”, ки санаи 30 июни соли 2021, соати 12:14:30 сония бо унвони “"Газел" – и ҳомили муҳоҷирон дар роҳи Волгоград-Маскав чаппа шуд: навор аз ҷои ҳодиса” нашр гардидааст, иловатан маълумот медиҳад.
Тибқи иттилои Намояндагӣ дар ҳодисаи мазкур ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта нашуда, дар ҳайати мазкур муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ намебошанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 30 июни соли 2021 дар шоҳроҳи Волгоград – Москва дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷимонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ