Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таҳти унвони "Тоҷикистон - Тотористон" бизнес-форум баргузор гардид

Таҳти унвони "Тоҷикистон - Тотористон" бизнес-форум баргузор гардид

04 апрель 2025, Пятница
2 746
0
Таҳти унвони "Тоҷикистон -  Тотористон" бизнес-форум баргузор гардид
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бизнес-форум таҳти унвони "Тоҷикистон - Тотористон" баргузор гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ду тараф ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад. Имрўзҳо дар вилояти Суғд зиёда 1200 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят беш аз 3 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва Суғд дорои таъриху анъанаҳои бостонӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ, замини ҳосилхез, саноати пешрафта ва фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад.
Вилояти Суғд аз захираҳои табиӣ бой буда, дар ҳудуди он корхонаҳои маъдану металлургии истихроxи тилло, нуқра, сурбу руҳ, ангишт, мармар ва ғайраҳо мавҷуданд.
Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд бо манотиқи кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаву меморандуми ҳамкорӣ дошта, бо зиёда аз 60 кишвари олам ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрасия, масолеҳи сохтмонӣ, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.
Вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия низ ҳамкории самаранок дорад. Ҳаҷми гардиши савдои вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Россия дар соли гузашта ба 680 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки гувоҳи афзоиши табодули молу маҳсулот мебошад.
Дар идомаи кори форум ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ барои зиёд намудани содироти маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон ба Тотористон, татбиқи лоиҳаҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ташкили корхонаҳои муштарак, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ба рушди бештари муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ