Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

28 май 2025, Среда
84
0
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Имрӯз дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нахуст мулоқоти хосаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко баргузор гардида, сипас музокироти ҷонибҳо бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Русия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, инчунин меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилаи бисёрҷониба бо Русия, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, илмию техникӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ