Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин

29 май 2025, Четверг
57
0
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин
29 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори итминон карданд, ки ин робитаҳо барои ба зинаҳои баланд баровардани сатҳи шарикии бисёрҷонибаи ду давлат мусоидат менамоянд.
Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёту телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зарур дониста шуд.
Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии миёни ду кишвар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла масоили рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар карданд.
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ