16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт – ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.
Ҳамагон, шоҳид ҳастем, ки роҳбари давлат ҳадафҳои стратегии баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишварро роҳандозӣ намуда, тӯли 33 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои бузурге ба анҷом расонида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки тамоми бурдборию музаффариятҳои давлати тоҷикон дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ бевосита ба кору фаъолияти пурсамари дилсӯзию ҷонбозиҳо, сӯхтанҳою сохтанҳо ва ташаббускории бемислу монанди ин шахсияти бузурги таърихӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
Айни замон, бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва шодию фараҳи рӯзгор мо ин ҷашни бузургро, ки таҷассумгари ормонҳои миллати тоҷик мебошад, таҷлил намуда истодаем.
Бигзор, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам хурраму зеботар гардад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Читайте также:
22 март 2023, Среда
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши