Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД

ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД

10 апрель 2025, Четверг
675
0
ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муввақатан дар Ҷумҳурии Тотористон қарор доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ 12 апрели соли 2025 қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст.
Қабули шаҳрвандон дар шаҳри Қазон, кӯчаи Михаила Миля аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд барои қонунигардонӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон муроҷиат намоянд.
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва тавсия дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Уфа ба рақамҳои ‪+7 (994) 100 95 59‬ муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ