ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 20 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ

Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 20 рӯз боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Читайте также:

04 апрель 2025, Пятница
ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД