Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Субҳи имрӯз гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия ба Ватан баргардонида шуд

Субҳи имрӯз гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия ба Ватан баргардонида шуд

26 май 2020, Вторник
204
0
Субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Россия 162 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Федератсияи Россия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо парвози мазкур инчунин ду ҷасади ҳамватани мо ҷиҳати хоксупорӣ дар Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, аз ин давлат дар марҳилаи аввал ба баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Федератсияи Россия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст. Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.
26.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ