Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Чувашия

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират сафари корӣ ба Ҷумҳурии Чувашия анҷом дод.
Дар чорабинии бахшида ба Рӯзи забон ва фарҳанги тоҷикон, ки бо ибтикори ҷамъияти тоҷикони «Маркази фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Чувашия» ва иштироки донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид, Намояндагӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ба роҳбарияти Хонаи дӯстӣ, ташкилотчиён ва донишҷӯён барои ташкили сатҳи баланди фарҳангӣ изҳори сипос намуд. Чорабинӣ дар сатҳи шоиста баргузор гардид ва аз ҷониби намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ баҳои мусбат гирифт. Дар чорабинӣ беш аз 170 нафар меҳмон ширкат доштанд.
Пас аз чорабинӣ мулоқот бо донишҷӯёни фаъол ва ҳамватанон баргузор гардид. Дар он маълум шуд, ки аз 300 донишҷӯ 50 нафарашон бинобар сабабҳои академикӣ аз таҳсил хориҷ шудаанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки зиёда аз 1800 шаҳрванди Тоҷикистон дар Чувашия бо оилаҳои худ фаъолият доранд.
Бо дастгирии роҳбарияти маркази фарҳангӣ ва мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ, пас аз намози ҷумъа дар масҷиди “Булгар” вохӯрии густурда бо ҳамватанон доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои риояи қонунгузории кишвари иқомат, баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои муҳоҷират, ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, шарҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри 2024 ва тамдиди он то 10 сентябри 2025 пешниҳод гардид. Шаҳрвандони хориҷие, ки ҳоло ғайриқонунӣ иқомат мекунанд, метавонанд дар ин муҳлат вазъи ҳуқуқии худро ба расмият дароранд.
Вохӯрии баргузоргардида ҷавобгӯи интизорот буда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои муфассал дода шуд. Аз ҳамаи ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.




