Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон

Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон

05 июнь 2025, Четверг
369
0
Табрикот бахшида ба иди саиди Қурбон
Ҳамватанони азиз!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати Иди Қурбон — яке аз маросимҳои муборак ва муқаддаси дини Ислом, ки рамзи фидокорӣ, поквиҷдонӣ ва инсонгароист, самимона табрик менамояд.

Бигузор файзу баракати ин Ид ба ҳар як хонадон, ба ҳар як фарди тоҷику мусалмон нуру сафо, сулҳу оромӣ ва ризқу рӯзии фаровон оварад.

Иди Қурбон – иди раҳму шафқат, хайру эҳсон ва якдигарфаҳмист. Дар арафаи ин маросими муҳими мусалмонӣ саховатмандон дасти сахо ба ятимону бечорагон ва муҳтоҷон дароз намуда, ба амалҳои хайр даст мезананд.

Намояндагӣ даъват ба амал меорад, ки ҳангоми адаои намози ид, ҳангоми баргузории маросими динӣ (қурбонӣ) дар кишвари иқомат талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, меъёрҳои миллӣ ва расму оинҳои халқҳои Россияро эҳтиром намуда, бо ахлоқи намунавӣ фарҳанги волои миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ намоед.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми иҷрои адои намоз бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиро гирифта, талаботҳои бехатарӣ, ки дар масҷидҳо масъулини мақомоти давлатӣ талаб менамоянд риоя намоед.

Иди Қурбон ба ҳар як тоҷику тоҷикистон ва ҳамватанони муқими Федератсияи Россия муборак бошад!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ