Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » СЕ РОҲИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ

СЕ РОҲИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ

03 июнь 2025, Вторник
253
0
СЕ РОҲИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи иттилои мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия аз аввали соли 2025 бо дар назардошти пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ 21,5 ҳазор иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат бекор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 масъалаи мазкур се маротиба афзоиш ёфтааст.

Иттилоъ медиҳем, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.


Намунаи пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи шартномаи меҳнатиро, ки дар асоси фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз 5 сентябри соли 2023, №655 тасдиқ шудааст, дар линки мазкур пешниҳод менамоем.

Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:
1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);
2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”;
3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” - и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”;

Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо метавонанд ба рақамҳои боварӣ барои гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.

uvedomlenie_47a5c48d91.pdf [166,84 Kb] (cкачиваний: 2)
[allow-online]
Посмотреть онлайн файл: uvedomlenie_47a5c48d91.pdf[/allow-online]

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ