Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01 апрель 2025, Вторник
223
0
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, ҳуқуқ доранд, ки аз шаҳодатномаи ронандагии миллӣ (Тоҷикистон) ҳангоми идораи воситаи нақлиёт бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ истифода намоянд.
Пас аз ҳукми амал даромадани талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия аз 1 апрели соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ва байналмилалии худро истифода намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки нафароне, ки то 1 апрели соли 2024 шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул намудаанд ё иҷозатномаи зисти муваққатиро (ВНЖ) дар кишвари иқомат дарёфт кардаанд аз 1 апрели соли 2025 муҳлати иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаҳои ронандагии Федератсияи Россия нисбат ба онҳо ба анҷом расидааст.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд, зимни фаъолияти меҳнатӣ наметавонанд аз шаҳодатномаҳои ронандагии кишвари хориҷӣ ё байналмилалӣ истифода намоянд. Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) ва шаҳрванди ФР мегиранд, вазифадор карда мешаванд, ки шаҳодатномаҳои ронандагии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия дар муҳлати як сол иваз намоянд. Шаҳрвандони Федератсияи Россия, ки дар хориҷ шаҳодатномаи ронандагии кишвари дигарро соҳиб гардидаанд, баъди ворид шудан ба Федератсияи Россия бо гузашти як сол шаҳодатномаи роанандагии онҳо низ аз эътибор соқит мегардад.

Агар шаҳрвандони Россия ва ё шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозатномаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) ҳастанд дар кишвари иқомат ҳуҷҷати ронандагии кишвари хориҷиро истифода намоянд, тибқи модаи 12.7 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия нисбаташон парвандаҳои маръмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Тағийроти мазкур пас аз ҳукми амал даромадани Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 10 июли соли 2023, № 313-ФЗ мебошад, ки аз 1 апрели соли 2025 ба ҳукми иҷро медарояд.

Иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ дар кишвари иқомат аз рӯи категорияҳои «М», «А», «B», «А1», «B1» пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ амалӣ гардида, категорияҳои "С", "D", "СЕ", "DЕ" бошад пас аз таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз карда мешаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд. +7(495) 967-98-44 ; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ