Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ЧӢ ТАВР КОРТИ МУҲОҶИРАТИРО БАРҚАРОР НАМОЕМ?

ЧӢ ТАВР КОРТИ МУҲОҶИРАТИРО БАРҚАРОР НАМОЕМ?

02 апрель 2025, Среда
214
0
ЧӢ ТАВР КОРТИ МУҲОҶИРАТИРО БАРҚАРОР НАМОЕМ?
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми гум кардани корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) барқарор намудан ва ё аз нам дастрас намудани он дар қаламрави Федератсияи Россия имконпазир мебошад.

Корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар сарҳади давлатии Федератсияи Россия аз ҷониби сарҳадбонони кишвари иқомат дода шуда, дар он санаи воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ва мақсади омадан ба кишвари қабулкунанда нишон дода шудааст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ин ҳуҷҷати муҳимро хуб ҳифз намоянд, чунки таҳияи ҳуҷҷатҳои минбаъда дар кишвари иқомат дар асоси корти муҳоҷиратӣ омода карда мешаванд.

Дар ҳолати гум кардани корти муҳоҷиратӣ шаҳрванди хориҷиро зарур аст, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намуда, оид ба гум шудани ҳуҷҷати мазкур ариза пешниҳод менамояд. Пас аз навиштани ариза ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома дар бораи гум кардани корти муҳоҷиратӣ дода мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ бо маълумотномаи Раёсати ноҳиявии ВКД Федератсияи Россия ва маҷмуи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), номнавишти муҳоҷиратӣ, шартномаи меҳнатӣ, нусхаи расидҳои пардохти моҳонаи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), корти сабзи муҳоҷири меҳнатӣ(изи ангушт ва расм), ба Раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намуда, пас аз гузашти ду ҳафта ҳуҷҷати мазкур омода мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои зикршударо низ ҳамроҳ гиранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар хотир бояд дошта бошанд, ки корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро вайрон накардаанд.

Шаҳрванди хориҷи нусхаи корти муҳоҷиратиро гирифта, чун нусхаи аслии он метавонад зимни таҳияи ҳуҷҷатҳо дар кишвари иқомат онро истифода намояд.

Барои гум кардани корти муҳоҷиратӣ тибқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима аз 2000 то 5000 рубл пешбинӣ карда шудааст.

Ба шаҳрвандон иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба гирифтани кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ‪+7(495) 967-98-44‬; ‪+7 (999) 912-58-68‬ (WhatsApp) муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ