Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » САНҶИШИ ПЕШ АЗ САФАР – КАФОЛАТИ МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР

САНҶИШИ ПЕШ АЗ САФАР – КАФОЛАТИ МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР

25 март 2025, Вторник
496
0
САНҶИШИ ПЕШ АЗ САФАР – КАФОЛАТИ МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат дар ҳолати риоя накардани қонунгузориҳои кишвари иқомат татбиқ карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки пеш аз сафар ба қаламрави Федератсияи Россия манъи воридоти худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.
Вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд:
- пешниҳоди маълумоти бардуруғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат;
- дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайрокуниии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ);
- ҳангоми хатар ба амнияти миллӣ ва саломатии аҳолии Федератсияи Россия;
- ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
- ҳангоми пардохт накардани ҷаримаи суд муайянкардашуда оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
-ҳангоми пардохт накардани андоз аз даромад ва ё пардохт накардани ҷаримаи татбиқшуда;
- дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат;
Агар вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Россия манъ шуда бошад ва дар қаламрави он қарор дошта бошад, ӯро зарур аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин аз қаламрави Федератсияи Россия баромада равад. Дар ҳолати баромада нарафтан тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудаш ба муҳлати 3, 5 ва ё 10 сол манъ карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Россия фаъолият намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол вобаста ба будубош ва талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванд метавонанд ба Намояндагӣ тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат намоянд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар метавонад, ки тавассути линки мазкур https://xn--b1afk4ade4e.xn--b1ab2a0a.xn--b1aew.xn--p1ai/entry-ban вазъи ҳуқуқии худро санҷиш намуда, баъдан ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ азми сафар намояд. Ба миёнаравҳо, ки хизматрасонии мазкурро ба ивази маблағ анҷом медиҳанд бовар накарда, худатон санҷиш намоед.[/justify]

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ