Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар Санкт – Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид

Дар Санкт – Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид

03 сентябрь 2021, Пятница
405
0
Дар Санкт – Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дирӯз дар шаҳри Санкт – Петербург ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони намояндагони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид.
Дар кори Шӯро роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, намояндаи консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Шӯро масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз муноқишаҳо, тартиби иқомат дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия мавриди муҳкоима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар Федератсияи Россия муҳоҷирони меҳнатӣ бояд тибқи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи Федератсияи Россия кору фаъолият ва иқомат намоянд. Риоя нагардидани меъёрҳои муайянннамудаи мақомотҳои марбутаи кишвари пазиранда боис ба он мегардад, ки будудбош ва фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ ғайриқонунӣ ба ҳисоб рафта, хатари ихроҷи онҳо ба миён меояд.
Дар ин замина, тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия қоидаҳои давлати қабулкунандаро ҳатман риоя намуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия худро ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта, бо иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) кор ва фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, дар иртибот ба зисти муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки берун аз соатҳои корӣ вақти худро ба корҳои беҳуда сарфа накарда, шабакаҳои иҷтимоиро ғайримақсад истифода накарда, балки ҳамчун як ҷӯянда бештар ба хондани китобҳои тахассусие, ки аз рӯи он фаъолият менамоянд, машғул шаванд. Инчунин, дар ҳар шаҳру вилоятҳои кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ китобхонаҳои барҳавои дорои адабиёти бой, марказҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо ва толорҳои варзишии муосир фаъолият менамоянд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ низ метавонанд, аз онҳо истифода намоянд.
Дар ин замина, ёдовар бояд шуд, ки мақсад аз вуруди мо ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ин дарёфти ҷоийи кори муносиб ҷиҳати фароҳамоварии зиндагии арзанда мебошад. Пас дар доираи мақсади мазкур бояд амал намуда, ба зиндагии ояндаи дурахшон бо қадамҳои устувор ба пеш рафт.

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ