Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!

БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!

04 июнь 2025, Среда
27
0
БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!
Иттилоъ медиҳем, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро дар ин самт риоя намуда, огоҳинома оид ба шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намоед.

Намояндагӣ шаҳрвандонро хотирасон менамояд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт метавонанд ба рақами боварии Намояндагӣ +7(495)967-98-44 дар тамос шаванд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ