Иштироки Намояндагӣ дар ҷашни 10-солагии таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Диаспораи тоҷикон «Помир»-и Осетияи Шимолӣ

Муовини Роҳбари Намояндагӣ Саид Боев зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур роҳбарият ва аъзои ҷамъияти тоҷиконро ба муносибати солгарди таъсиси он аз номи Вазорат ва Намояндагӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ин таҳкими ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар Федератсияи Россия ба шумор меравад. Ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Россия дар муаррифии фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик, баргузории иду ҷашнҳои миллию давлатии Тоҷикистону Россия, мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни миллатҳо саҳми босазо доранд.
Вазир оид ба масъалаҳои муносибатҳои миллии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания Аслан Тситсуев фаъолияти ҷамъияти тоҷиконро дар ин давра хеле назаррас арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки гарчанд ҷамъияти тоҷикон аз лиҳози шумора нисбат ба дигар диаспораҳои миллӣ камтар бошанд ҳам, дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии минтақа нақши фаъолу мусбат дорад.
Раиси ҷамъият Арсен Худододов, ки яке аз роҳбарони фаъолони ташкилотҳои тоҷикистониёни Россия ба шумор меравад, барои иштирок ва мусоидат дар баргузории чорабинӣ ба маъмурияти ҷумҳурӣ ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. ӯ қайд кард, ки аъзои ташкилоти онҳо пайваста дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ фаъолона ширкат намуда, миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд, инчунин дар будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунии ҳамватанон кӯмак мерасонанд.
Аз ҷониби ташкилот дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ низ мудом корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.


