Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Саҳми муҳоҷирони тоҷик дар таъмини бозори истеъмолии шаҳри Оренбург

Саҳми муҳоҷирони тоҷик дар таъмини бозори истеъмолии шаҳри Оренбург

08 октябрь 2013, Вторник
2 772
0
Имрӯз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар рушди бахшхои гуногуни хоҷагии халқи Федератсияи Россия, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Зимни мулоқоти корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Далер Сангинов дар деҳаи Краснохолми ш.Оренбург бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, маълум шуд, ки дар деҳаи номбаршуда бештар аз 70 шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд. Шуғли асосии муҳоҷирони меҳнатӣ парвариши сабзавот мебошад. Чун деҳаи Краснохолм дар наздикии ш.Оренбург ҷойгираст, фурӯши маҳсулот низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Зимни сӯҳбат кишоварзони тоҷик иброз доштанд, ки имсол ҳосили хуб ба даст овардаанд. Айнизамон деҳқонон маҳсулоти ҷамъоваришударо ба бозорҳои ш.Оренбург ва атрофи он ба фурӯш мебароранд.

Дар вақти сӯҳбат корманди Намояндагӣ ҳамчунин доир ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории федералии Россия оид ба тартиби будубош, иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ ба муҳоҷирони тоҷик маълумоти муфассал дод.

Таъкид шуд, ки ҳангоми вуруд ба ФР ҳатман худро ба қайди муҳоҷирати монда, барои фаъолияти меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои лозимаро ба расмият дароранд. Ба қоида ва расму русуми мардуми маҳаллӣ бо эҳтиром рафтор намуда, ҳусни одобу муоширатро риоя намоянд. Дар навбати худ муҳочирони тоҷик гуфтанд, ки сокинони деҳа тоҷиконро ба сифати халқи меҳнатдӯсту ҳалолкор пазируфтаанд ва бо эҳтиром муносибат мекунанд Муҳоҷирони тоҷик дар маъракаҳои мардуми маҳаллӣ фаъолона ширакт намуда, ба қадри имкон ба эҳтиёҷмандон дасти кӯмак мерасонанд.

Чунин вохӯрию мулоқотҳо дар минтақаҳои дигари Россия низ аз ҷониби Намояндагӣ пайваста сурат мегирад.

Котиби матбуоти Намояндагӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ