Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш. Шелково

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш. Шелково

08 октябрь 2013, Вторник
2 681
0
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР бурдани корҳои иттилоотию машваратӣ доир ба низоми вуруд, будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад. 4 октябри соли 2013 дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони Намояндагӣ С.Боев ва И.Ахмедов дар шаҳри Шелково бо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд.
Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш. Шелково
Дар оғози сӯҳбат С.Боев вобаста ба навгониҳои қонунгузории федералӣ, аз ҷумла афзоиши ҷарима барои қоидавайронкунии маъмурӣ дар шаҳру вилояти Москва ва Санкт-Петербург, сабабҳои манъи воридоти бархе аз шаҳрвандони ҶТ ба ҳудуди ФР муфассал сухан ронд.

Сипас миёни кормандони Намояндагӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Шаҳрвандони ҶТ оид ба тартиби гирифтани патент, иҷозатномаи кор, истифодаи шаҳодатномаи ронандагӣ ва ғайра пурсон шуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Маълум шуд, ки дар ш.Шелково бештар 1000 шаҳрванди тоҷик кору иқомат дошта, асосан дар бахши сохтмон, тиҷорат, хизматрасонӣ, нақлиёт ва ғайра фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамбастагӣ кору фаъолият дошта, дар мавридҳои зарурӣ мушкилоти ба миёномадаро дар ҳамкорӣ ҳаллу фасл менамоянд.

Зимни сӯҳбат ҳамчунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиклолиии кишвар, кӯшишу талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати таъмини шароити хубу кору иқомат дар ФР барои шаҳрвандони тоҷик иттилоъ дода шуд.



Котиби матбуоти

Намояндагии ХМ дар ФР

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ