Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Екатеринбург

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Екатеринбург

28 октябрь 2013, Понедельник
2 708
0
Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Екатеринбург
Дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск вохӯрии намояндаи ҲХДТ Бобоалӣ Ҳусейнов бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор шуд. Зимни сӯҳбат Б.Ҳусейнов ба муҳоҷирони тоҷик доир ба самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президенти ҶТ- Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон муфассал маълумот дод. Зикр шуд, ки банди 4 барномаи мазкур, ба қонунгузорӣ бахшида шуда, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории соҳаи муҳоҷиратро низ дар бар мегирад.
Қайд карда шуд, ки имрӯз аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати ҶТ, ҷиҳати беҳдошти шароиту будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ба хусус дар ФР корхои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар хусуси дастовардҳои солҳои охири мамлакат дар бахши иҷтимоию иқтисодӣ маълумот дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокдорони вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Вобаста паҳлӯҳои гуногуни қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ яке аз иштирокдорони мулоқот Сӯҳроб Раҳимов таклиф кард, ки дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон курсҳои махсуси касбомӯзӣ, асосҳои қонунгузории кишвари қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷират, забондонӣ ва одоби муоширату рафтор таъсис дода шавад.
Дар вохӯрӣ корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР низ ширкат дошт.
Котиби матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ