Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Намояндагӣ боздошти муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад

Намояндагӣ боздошти муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад

14 октябрь 2013, Понедельник
2 298
0
Дар робита ба гирдиҳамоии сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Бирюлевои ш.Москва муқобили муҳоҷирон, боиси тафтишу боздошти оммавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар як қатор бозорҳои меваю сабзавоти шаҳри Москва гардид, санаи 14 октябр кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ФР И.Қадамов ва А.Халилов ба ШКД-и Бирюлево омаданд. Мувофиқи маълумоти расида, баъдаз воқеаҳои шаби 13 октябр кормандони мақомоти полиси ш.Москва бештар аз 1200 нафарро дастгир намуда, ба ШКД-ҳои Чертановои шимолию ҷанубӣ ва Бирюлево овардаанд.

Зимни сӯҳбат бо навбатдори ШКД-и ноҳияи Чертаново маълум карда шуд, ки дар натиҷаи рейд ба шӯъба 40 нафар оварда шудааст. Аз ин танҳо 25 нафарашон шаҳрвандони тоҷик мебошанд. Тавре дар сӯҳбат бо муҳоҷирон маълум гашт, онҳоро кормандони полис, баъдаз тафтиши ҳуҷҷатҳо ва қайди пайи ангуштони даст ҷавоб дода истодаанд.

Ёдовар мешавем баъд аз қатли як ҷавон, сокини 25 –солаи ш.Москва Егор Шербаков, рӯзи 13 октябр дар назди маркази тиҷоратии «Бирюза» бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ гирдиҳамоӣ барпо намуд. Бархе аз гирдиҳамомадагон даст ба бетартибиҳо заданд. Ин ҳолат боиси тафтиши оммавии бозорҳои меваю сабзавоти минтақаи ҷанубӣ пойтахти Россия гашт.

Котиби матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ