Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Рӯзҳои фарҳанги тоҷикон дар Хабаровск

Рӯзҳои фарҳанги тоҷикон дар Хабаровск

05 август 2019, Понедельник
1 947
0
Аз 25-27-уми июли соли 2019 дар шаҳри Хабаровск, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Тоҷикони Шарқи Дур” дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират рӯзҳои фарҳанги тоҷикон баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии ҳукумати шаҳр таҳти шиори “Нерӯи мамлакат дар дӯстии халқҳо” Маркази байналмиллалии фарҳангии “Ариран” доир шуда, садҳо намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни минтақаро ҷамъ овард.
Меҳмонони чорабинӣ имкон доштанд аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик тавассути расму мусаввараҳо, намоиши либосу анвои хурокҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки ба маъраз гузошта шуда буд, огаҳӣ пайдо намоянд.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ аз мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти тоҷикони Россия» гузаронида шуд. дар рафти он доир ба фаъолияти рӯзмарраи фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақа сухан рафт. Баромадкунандагон саҳми намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанонро дар муаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни қавму миллатҳои маскуни минтақа назаррас арзёбӣ карданд. Қайд шуд, ки ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ҷорабиниҳои фарҳангӣ оммавиро ба муносибати ҷашну идҳои давлатию миллӣ пайваста доир менамоянд, ки бо ин васила метавон ба мардуми маҳаллӣ ва намояндагони дигар халқияту миллатҳои минтақаро бо фарҳанги оламшумули тоҷикон шинос кард. Дар исботи гуфтаҳо дар доираи мизи мудаввар филми ҳунарӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти табиб, шоир ва файласуфи тоҷик Абу Али ибни Сино «Ависена» ба намоиш гузошта шуд.
Дар баромадҳои худ намояндагони Асамблеяи халқҳои Хабаровск доир ба моҳияти дӯстии халқу миллатҳо ва саҳми диаспораи тоҷик дар таҳкими ин раванд сухан карданд. Раиси Шӯрои ташкилоти минтакавии «Маркази фарҳангии тоҷикон»-и шаҳри Москва Ҳамроқулова Хуршеда Давроновна баромад намуда, дар бораи таърихи тамаддуни пурғановати халқи тоҷик, расму оин ва саҳми шоирону нависандагони бузурги тоҷик ва мавқеи эҷодиёти онҳо дар адабиёти ҷаҳонӣ муфассал нақл кард. Инчунин Рохбари ташкилоти ҷамъиятии «Точикони шарки Дур» Гафурова Махтоб ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои мусоидат дар баргузории ин чорабинӣ ба намояндагони маъмурияти шаҳр изҳори сипос кард.
Барномаи ҷолиби консертӣ ибрат аз рақсу суруд ва намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби фаъолони ташкилот омода шуда буд, ба чорабинӣ таровати тоза бахшид. Ҳунарнамоии ҷавонони тоҷик бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид.
Дар охир аз тарафи роҳбари ташкилоти чамъиятии “Тоҷикони Шарки Дур” ба намояндагони Ассамблеяи халқҳои Хабаровск ва ҳамватанони фаъол, ки дар ин чорабинӣ саҳми худро гузоштанд, сипосномаҳо тақдим карда шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ