Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Ҷумҳурии Чувашия

Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Ҷумҳурии Чувашия

21 октябрь 2021, Четверг
451
0
Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Ҷумҳурии Чувашия
Сафари кории Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз 18 то 20 октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Чувашияи Федератсияи Россия бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун идома ёфт.

Қобили қайд аст, ки дар доираи сафари мазкур Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир ҳайати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқоти сатҳи баланди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Чувашия масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар меҳвари мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи онҳо, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Чувашия мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он вобаста ба самтҳои мухталиф дар ин соҳа Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чувашия яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳуриии Чувашия дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ кор ва фаъолият менамоянд.
Ҷумҳурии Чувашияи Федератсияи Россия барои интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташакилона сафарбар гардидан, изҳори омодагӣ намуданд.

Дар идомаи сафар ҳайати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Чувашия дидан намуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ