Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд

Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд

13 сентябрь 2021, Понедельник
422
0
Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маводи нашрнамудаи пойгоҳи хабарии “Sputnik Тоҷикистон”, ки санаи 12 сентябри соли 2021 зери унвони “Дар Русия барои муҳоҷирон “конслагер” сохтаанд” вокуниш нишон медиҳад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар вилояти Брянск гӯё дастгир шудаанд, бо роҳбарияти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷиратӣ дар ноҳияи Навлинскийи вилояти Брянск дар тамос гардида, муайян гардид, ки зимни амалиёти кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок надоштанд.
Матлаби нашргардида вобаста ба ҳузури шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонае, ки мақомоти марбутаи Федератсияи Россия мавриди санҷиш қарор доданд асоси воқеӣ надошта, аз ҷониби мақомотҳои марбута инкор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки 12 сентябри соли 2021 зери унвони “Дар Русия барои муҳоҷирон “конслагер” сохтаанд” дар пойгоҳи хабарии “Sputnik Тоҷикистон” матлабе нашр гардид, ки дар корхонаи махфие шаҳрвандони Осиёи Маркази ғайриқонунӣ фаъолият менамоян ва қонунвайронкунии маъмуриро вайрон намуда, нисбати сокинони маҳаллӣ “таҳдид” мекунанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ