Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Тарҳи пружаҳои динӣ-мазҳабӣ ва барномарезиҳои геополитикӣ

Тарҳи пружаҳои динӣ-мазҳабӣ ва барномарезиҳои геополитикӣ

28 сентябрь 2021, Вторник
59
0
Тарҳи пружаҳои динӣ-мазҳабӣ ва барномарезиҳои геополитикӣ

Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонони бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз ҳассосиятҳои динию мазҳабӣ кор гирифта ва мегиранд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби мазҳабӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геополитикие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонӣ ҷур шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯъистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд сӯъистифодаи дин ва мазоҳиби исломӣ дар эҷоди ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар ба амри зарурии барномаҳои сиррии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта буд. Ҳамин тариқ, дар доираи барномарезиҳои геосиёсӣ таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротгароёни мазҳабӣ ва ташкил додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои Шарқи мусулмонӣ ва аз ин тариқ таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба як навъ суннат ва ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики Шарқи мусулмонӣ таҳти назар, ҳидоят ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

Ба ин тартиб, муҳаққиқони масоили сиёсию геополитикӣ бар ин назаранд, ки исломи сиёсӣ дар сад соли ахир ба сифати абзори муҳимтарини сиёсию идеологӣ дар дасти созмону гурӯҳҳои манфиатпеша ва султахоҳ қарор гирифта, боиси таҳкиму тақвият ёфтани танишу шикофҳо дар баданаҳои иҷтимоии мамолики Шарқи мусулмонӣ гардидааст. Минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар қолаби исломи сиёсӣ мувоҷеҳ гардида, мақомотҳои расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози даҳшатафкании имрӯзиро, ки дар қолаби ифротгаройии динӣ зуҳур кардааст, кӯтоҳ намоянд. Аммо, чуноне ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбуд намеёбад, балки рӯз аз рӯз муташанниҷтар ва ҳассостар мегардад. Роҳҳалҳое, ки иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ҳар гуна эътилофҳои динӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир андешида, манзур месозанд, корсозу муаасир набуда, мушкил андар мушкилро дар фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ ва сиёсию мазҳабии манотиқи гуногуни Ховари Миёна эҷод мекунанд. Ин ҳолати буҳронӣ, ки аз динмадорӣ ва мазҳабпарастии ҷомеаҳои суннатии шарқӣ маншаъ гирифтааст, самтҳои дигари хоҷагии халқи кишварҳои исломиро буҳронзо сохта, аз ҳар ҷиҳат пеши роҳи рушду тараққиро мебандад. Воқият ин аст, ки исломи сиёсӣ дар бозиҳои геополитикӣ ворид гардида, ба «бизнес»-и қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ бадал шудааст.

Авзои буҳронии баъзе манотиқи Ховари Миёна боиси ба бунбасти ақидатӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидани давлат ва ҷомеаҳо гардидааст. Гузашта аз ин, баъзе ҷавомеи мусулмони Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба дарди мазҳабзадагӣ ва вопасгаройӣ гирифтор шудаанд ва ба иллати маҳдудиятҳои фикрию ақидатӣ роҳи пешрафту таҷаддудро барбастаанд. Бар илова, ноҷурӣ дар муносиботи сиёсӣ ва мазҳабӣ, ақибмондагӣ ва вопасгаройӣ, нобоварӣ ва адами эътимод ба якдигар, тавтеаталабӣ ва дасисабозӣ, ташхиси нодурусти равандҳои сиёсӣ, муваффақ набудан дар самти идора ва мудирияти сиёсию динӣ, заъфи донишҳои илмӣ, хурофаписандӣ ва ҷаҳолатмаобӣ масъалаи дурнамои ҳамзистии давлату ҷомеаҳои мусулмониро зери суол мебарад.

Ин ҳам маълум аст, ки ҷомеаҳои баъзе кишварҳои исломӣ, ки дар инҳисори буҳронҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ қарор доранд, аз даргирию низоъҳои рӯзмарраи динӣ-мазҳабӣ хаста шудаанд. Мутаассифона, ба дунявият ва низоми сиёсии дунявӣ эътимод надоштан ва дар партави хурофагаройии асримиёнагӣ салтанат ва ҳукумат кардан, ки саранҷом ба таассуби мазҳабӣ сабаб мегардад, асли фаъолияти бархе аз кишварҳои исломиро ташкил медиҳад.

Мусалламан, танҳо низоми сиёсии дунявӣ, ки бар асоси донишҳои илмӣ ва тахассусӣ бунёд шудааст, метавонад ҷаҳони мусулмониро аз рӯёрӯйии ҳамарӯза бо хатарҳои глобалӣ ва даҳшатафкании сиёсию мазҳабӣ наҷот бахшад. Дар назариёту амалкардҳои пирони ҷараёнҳои ифротгаройи динӣ исломи сиёсӣ ба унвони абзори муқаввои идеологию сиёсӣ алайҳи дунявият ва секулоризми ғарбӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дигар ин ки космополитизми динӣ имкони ғунҷонидани омолу ниёзҳои миллиятҳо ва ақаллиятҳои этникиро надорад. Бинобар ин, қолаби маҳдуди андешаҳои ифротию радикалӣ, ки бар мабнои доктринаҳои карахти динӣ-мазҳабӣ рехта шудааст, барои сохтмони ҳувият ва давлатдориҳои миллӣ на танҳо мусоидат намекунад, балки хатарзо буда, ҳувиятҳои миллию этникиро дар коми худ фурӯ мебарад.

Вазъи ногувори иҷтимоӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва мафкуравии баъзе манотиқи Ховари Миёна ва дар маҷмӯъ, Шарқи мусулмонӣ баёнгари он аст, ки мафкураи динӣ-мазҳабӣ наметавонад ба таври бояду шояд оромишу субот, сулҳу амният ва ҳамбастагию ҳамзистии ҷомеаҳоро таъмин намояд. Ҳолати ногувори рӯҳию равонӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ташвишҳои пайвастаи аҳолии мамолики мавриди назар дар ҷабини ҳар як фарди ин минтақаҳо ҳувайдост. Ҷангу даргириҳои рӯзафзуне, ки дар ин ва ё он минтақаи ховарӣ бар мабнои ҳассосиятҳои мазҳабӣ ба вуқӯъ мепайванданд, фақри маънавиро доман зада, зеҳни миллиятҳо ва ақаллиятҳои этникиро мағшуш ва рӯҳияи ҷомеаҳоро заъиф сохта, иқтисоди мамоликро дар ҳолати варшикастагӣ қарор додааст.

Аслан, дар формати пружаҳои сиёсии динӣ ба ҳам шӯронидани давлат ва ҷомеаҳои ақибмондаи шарқӣ ва осиёӣ ба манфиати сенариясозони бозиҳои геополитикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст. Онҳо, ки тибқи сенарияи махсус ва тарҳҳои вежа аз пушти саҳна бозигаронро ба иҷрои нақшҳо вомедоранд, механизми исломи сиёсиро, ки дар бозиҳои геополитикӣ ба сифати бомбаи мафкуравӣ хидмат мекунад, ба кор андохта, кишварҳои исломиро дар ҳолати инфиҷорӣ ва бесуботӣ нигоҳ медоранд (аз ин кор, албатта, лаззат ва ҳам манфиат мебаранд). Ҳадафи стратегии пружаҳои исломи сиёсӣ, ки пушташон сенаристону коргардонони хориҷӣ қарор доранд, пеш аз ҳама, дар муҳитҳои сиёсию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ тасаллут бахшидани иддаоҳои хурофии асримиёнагӣ ва аз ин тариқ то ба сатҳи мафкураи давлатӣ боло бурдани ҷойгоҳи хушкандешии мазҳабӣ мебошад. Даргир кардани мардум тариқи бозиҳои мазҳабӣ ва бозори кашмакашу ихтилофоти динии минтақаҳоро “гарм” нигоҳ доштан вазифа ва функсияи аксари пружаҳои пасипардагии хориҷӣ мебошад. Афзун бан ин, ҳарҷумарҷи дохилӣ дар манотиқи мавриди назар, ки бар асари суннатпарастӣ ва вопасгароии лидерони сиёсию динии қаламравҳо иттифоқ афтодааст, буҳронҳои зеҳнӣ, ахлоқӣ, равонӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, динӣ ва фарҳангиро тавлид намудааст.

Дар зимн, ҳар ҷое ки исломи сиёсӣ дар қолаби ифротгаройии динӣ зуҳур мекунад, он ҷо ба таври маснӯӣ даргириҳо созмон ёфта, нодонию ҷаҳолатмаобӣ, хирадситезию хурофадоварӣ, яъсу навмедӣ ва билохира нооромию бесуботӣ бедод мекунад. Ҳаводиси мусибатборе, ки дар Ховари Миёна ва баъзе кишварҳои мусулмонӣ бар асари ҳузуру нуфузи эпидемияи хурофазадагӣ ба вуқӯъ пайваста, мутаассифона, имрӯз ҳам думболагири рӯзгори мардуманд, боиси талотумоти зеҳнӣ, афзудани танишҳои фикрию ақидатӣ, заъиф шудани бофтҳои иҷтимоӣ, пойин рафтани сатҳи тафаккури миллию илмӣ ва авзои буҳронӣ мегарданд. Бинобар ин, ба вуҷуд овардани фазои суботу оромӣ ва эҷоди тафоҳуми миллию мардумӣ аз тариқи роҳандозӣ кардани пружаҳои сиёсӣ-динӣ ва мафкураи мазҳабӣ хобу хаёле беш нест, вале дастандаркорони бозихои сиёсӣ, амдан фактори дин ва идеологияи мазҳабиро дар иттиҳоди адёну мазоҳиб саҳим медонанд. Таърихи сиёсӣ ва фарҳангии башарӣ ва минҷумла миллӣ нокоромад будани таҷрибаи мазкурро собит мекунад. Истифода ва дақиқтараш, сӯъистифода аз фактори дин ва мазҳаб (дар мисоли исломи сиёсӣ) мамолики зиёди мусулмониро ба ҳоли табоҳ расонидааст.

Созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ба сифати пружаҳои махсуси сиёсӣ ва геополитикӣ ба хотири ташаннуҷи авзоъ ва ба вуҷуд овардани фазои ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳо роҳандозӣ мешаванд. Ба ҳар сурат, то имрӯз чунин пружаҳои сиёсии динӣ ба манфиати қудратҳо хидмат карда истодаанд. Муҳимтар аз ин, гурӯҳҳои радикал ва тундрави мазҳабӣ, ки шомили пружаҳое инчунинӣ мегарданд, на танҳо алайҳи сохтмони давлатҳои миллӣ ва дунявӣ мубориза мебаранд, балки барои ҷомеаҳои ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Ин аст, ки ифротгаройӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динию мазҳабӣ дар баробари соири таҳдидҳои биологию муҳитзистӣ ва иҷтимоӣ, ба гунаи хатари глобалӣ шинохта шудаанд ва дар ин замина миёни давлатҳо қарордодҳо, тавофуқномаҳо ва эътилофҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Танҳо дар иттиҳод ва ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ташаннуҷи ифротгаройӣ ва даҳшатафканиро дар ҳар шакле гирифт ва роҳро барои тафоҳуми миллию мардумӣ ва муколимаи тамаддунҳо ҳамвор кард. Бошад, ки барномарезиҳои сиёсию давлатӣ дар қолаби қарордоду тавофуқномаҳо ва эътилофоти минтақавию байналмилалӣ ҷилави гурӯҳу созмонҳои тундраву ифротгароро бигиранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вабо ва хатари ҷиддии глобалӣ эмин бимонад.

Тоҷикистони азизи мо ҳам дар мувоҷеҳа бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ қарор дорад ва мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои марбутаи сиёсӣ ва блоки мафкуравӣ дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифтаанд. Албатта, ҳамоҳангию ҳамбастагии мунтазами ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи ҳузуру нуфузи таҳдиду хатарҳоро дар минтақа пойин мебарад, аммо бетарафӣ, саҳлангорӣ ва бетафовутии баъзе идороту сохторҳои сиёсию маданӣ ва умуман, ҷомеа роҳро барои вуруди буҳронҳои амиқ ҳамвор месозад. Гузашта аз ин, дар чунин вазъияти ҳассос, ки ҳар қудрати минтақавию ҷаҳонӣ иқтидор ва потенсиали зеҳнию сиёсӣ ва мафкуравию низомии худро ба намоиш мегузорад, моро зарур аст, ки аз неруи давлати миллӣ, интеллигенсияи ватанӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ васеъ истифода намуда, дар баробари хурофоту таассуби динию дунявӣ, таҳоҷумоти ақидатии берунӣ ва мавқеъгириҳои зиддимиллӣ қад алам кунем ва дар роҳи ҳифзу ҳимояи манофеи миллию давлатӣ гомҳои устувор бардорем.

Бознашр аз сомонаи расмии АМИТ Н. Нуров

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ