Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

26 август 2021, Четверг
543
0
Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 4140 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия кор ва фаъолият менамоянд тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ додааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо мушкилотҳои гуногун ба Намояндагӣ дар ин давра муроҷиат намудаанд ба онҳо тавсияҳо ва машваратҳои ҳуқуқиро барои расмикунонӣ дар кишвари иқомат, тартиби гирифтани иҷозаномаи фаъолияти меҳнатӣ, барои бақайдгирии зисти доимӣ ва зисти мувақаттӣ, мусоидат намудан дар ҳалли масъалаҳои судӣ, баргардонидани музди меҳнат, тартиби амалӣ намудани шартномаи меҳнатӣ, риояи ҳуқуқу манфиатҳои шахс дар фаъолияти меҳнатӣ, мусоидат дар ҳали масъалаҳои оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ, сар задани дигар мушкилотҳои маъмулӣ машваратҳои ҳуқуқӣ ба таври ройгон дода шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Намояндагӣ ба 884 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо кӯмакҳои амалии ҳуқуқӣ расонида шудааст, ки дар ин миён аксари машваратҳои ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои амалии ҳуқуқӣ ба таври мусбат роҳи ҳали худро пайдо намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини Намояндагӣ дар шаҳрҳои Санкт – Петербург, Новосибирск, Екатеренбург, Уфа ва Астрахани Федератсияи Россия пайваста ҷиҳати баррасии мушкилот ва муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ