Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

07 март 2023, Вторник
469
0
ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Бонувони гиромӣ!

Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯем ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоем.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.
Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сиву як соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.
Бовар дорем, ки модарону бонувони мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.

Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.

Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони азиз!


***************************

Дорогие женщины!

Поздравляем Вас с удивительным, прекрасным, весенним праздником 8 марта!

Вы являетесь не только хранительницей домашнего очага и уюта, но и наравне с мужчинами исполняете свой долг и стойко переносите все тяготы.

Женщина во многом похожа на весну: краткостью, красотой, эмоциональностью, радужной насыщенностью чувств. И именно, благодаря женщинам, их любви и доброте, мужчины преодолевают невзгоды, не теряют надежды и верят в лучшее. Ведь тепло и ласка сердец женщины — матери, жены, ее нежная улыбка преодолевают все невзгоды нашего бытия.

Поздравляя вас в канун этого весеннего дня, желаем всегда быть столь же обаятельными, добросердечными и милыми, желаем всегда хранить те замечательные качества, благодаря которым наша жизнь становится светлее и радостнее. Примите нашу искреннюю благодарность за все, что делается вашими заботливыми женскими руками.

Спасибо вам за доброту, за мудрость и терпение, за ваш ежедневный труд, за то, что служите для нас источником вдохновения и возвышенных чувств.
Пусть сбываются все ваши надежды и мечты, пусть каждый ваш день будет озарён счастливой улыбкой, а вместе с ароматом весенних цветов в вашу жизнь войдут радость и благополучие.

Крепкого здоровья, благополучия, радости вам и вашим близким!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ