Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Табрикот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26 июнь 2024, Среда
925
0
Табрикот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ табрик ва таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон – мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар давраи даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу захматҳои пайваста давлати ба порчаҳо тақисмшударо муттаҳид намуда, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагиро барои сокинони мамлакат фароҳам овард.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.

Бори дигар ҷашни Ваҳдати миллиро ба яко яки шумо таҳният гуфта, осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат ва тансиҳативу комёбӣ таманно менамоем.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ