Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ

Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ

08 июль 2024, Понедельник
710
0
Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад.

Сабабҳои нопардохти музди меҳнати муҳоҷирон гуногун буда, аксари онҳо ба набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва сифати пасти иҷрои корҳо рост меояд, ки ин сабаб метавонад дар пардохт нагардидани маблағ аз тарафи фармоишгар ба пудратчӣ бошад.

Номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо аст, ки дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад ва мушкилии исботи иҷрои корро ба бор меоварад.

Дар натиҷа, дар давоми 6 моҳи соли 2024 бо кӯмаки мустақими Намояндагӣ бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 18 023 987,00 рубл (2 178 048,00 муодил ба сомонӣ) баргардонида шуд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53.

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11.

7. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ