Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯрӣ бо хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград

Баргузории вохӯрӣ бо хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград

10 июль 2024, Среда
846
0
Баргузории вохӯрӣ бо хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, санаи 9 июли соли 2024 вохӯрии Намояндагӣ, Консули генералии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳ.Т. ва роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳо Бердов Ф.Х. дар якҷоягӣ бо хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар бинои консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа баргузор гардид.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур бештар сохтани масъулияти имомхатибон дар муқовимат ба ифротишавии муҳоҷирони меҳнатии минтақа муайян гардида буд.

Дар фарҷоми мулоқот, нақшаи вохӯрии якҷояи Намояндагӣ, консули генералӣ ва роҳбарони диаспораҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар рӯзҳои ҷумъа ва гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба масъалаҳои мубрами вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳия ва расман ба унвони муфтиёти шаҳр ирсол гардид.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ