Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » «АМАЛИ ҒАЙРИИНСОНИИ ҶАВОНОНИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!». Изҳороти тоҷикони вилояти Ивановои Россия оид ба фоҷиаи сайёҳони хориҷӣ

«АМАЛИ ҒАЙРИИНСОНИИ ҶАВОНОНИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!». Изҳороти тоҷикони вилояти Ивановои Россия оид ба фоҷиаи сайёҳони хориҷӣ

03 август 2018, Пятница
748
0
«АМАЛИ ҒАЙРИИНСОНИИ ҶАВОНОНИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!». Изҳороти тоҷикони вилояти Ивановои Россия оид ба фоҷиаи сайёҳони хориҷӣДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Мо, тоҷикони муқими вилояти Ивановои Федератсияи Россия амали ноҷавонмардонаи куштори сайёҳони хориҷиро сахт маҳкум мекунем ва таъкид менамоем, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём барои кулли мардумони дунё оғӯши гарму инсондӯстонаи хешро боз кардааст ва мекунад. Рафтори ғайриинсонии чанде аз гумроҳону ҳайвонсиратон наметавонад вазъи имрӯзаи кишвари моро ноором созад…», — омадааст дар изҳороти тоҷикони вилояти Ивановои ФР вобаста ба амали фоҷиабори террористӣ, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омад. Матни изҳоротро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср хатароти бузургеро пешорӯи инсоният қарор дода, гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ солҳои охир бо амалҳои ноҷавонмардона мардуми осоиштаро бехонумону қурбон мекунанд. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо ҳар роҳу восита ҷавонони ноогоҳро ба амалҳои зишти ғайриинсонӣ ҷалб карда, дар тамоми гӯшаву канори дунё ҳадафҳои муғризонаи хешро пиëда месозанд. Ҳодисаҳои террористии чанд соли охир дар кишварҳои дунё, ки муҷиби ҳалокати садҳо ҳазор аҳолии осоишта ва бесарпаноҳ мондани онҳо гардид, ҳар як инсонро бетараф гузошта наметавонад.
Ин амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои террористӣ тадриҷан густурда гардида, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд вазъи имрӯзаи ҷаҳонро ноором карда, ҳадафҳои нопоки хешро амалӣ намоянд. Амали террористие, ки дар таърихи 29-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби як гурӯҳ хоинон ва ҳайвонсиратон сурат гирифта боиси марги чор нафар сайёҳи хориҷӣ ва захм бардоштани се нафари онҳо гардид, мо, тоҷикони муқими вилояти Иванова ин амали ноҷавонмардонаро сахт маҳкум мекунем. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулаём меҳмондӯст буда, барои кулли мардумони дунё оғӯши гарму инсондӯстонаи хешро боз мекунад. Рафтори ғайриинсонии чанде аз гумроҳону ҳайвонсиратон наметавонад вазъи имрӯзаи кишвари моро ноором созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу зебо ва пешрафта табдил ёфта, сол то сол нуфузи он бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ баланд мегардад. Ин ҳама пешравиҳои босуръати кишвари моро бадхоҳони миллат тоб наоварда мехоҳанд бо ҳадафҳои муғризонаи хеш зиндагии осоиштаи мардумро ноором созанд.

Мо, тоҷикони вилояти Ивановои Федератсияи Россия аз ҳамаи ҷавонон даъват менамоем, ки фирефтаи андешаҳои бадхоҳони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ нагарданд. Барои ободию пешрафти кишвари маҳбубамон мо, тоҷикони бурунмарзӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму сулҳу ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳмгузор хоҳем буд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ