МУОИНАИ ТИББӢ — ТАЛАБИ ҲАТМӢ БАРОИ БУДУБОШИ ДАРОЗМУДДАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки аз 1 сентябри соли 2026 тибқи тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Россия ворид мешаванд, бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Россия гузаронида мешавад. Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ, ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Россия ворид карда мешавад. Дар сурати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ, муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Россияро огоҳ менамояд. Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро риоя намуда, муоинаи тиббиро дар муҳлати муқарраргардида гузаранд. Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд: • ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Россия; • ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ; • дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ. Ҳамзамон, барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо аз муассисаҳои тиббии расмӣ истифода бурда, аз хизматрасониҳои ғайриқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқӣ, шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос:
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
