Тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба будубош, муоинаи тиббӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ё ният доранд бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба ин кишвар сафар намоянд, мерасонад, ки тибқи тағйироти пешбинишуда дар қонунгузории Федератсияи Россия аз соли 2026–2027 як қатор талаботи нав нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд. Аз 1 сентябри соли 2026 натиҷаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади тасдиқи мавҷуд набудани бемориҳои сироятии махсусан хавфнок ва сирояти ВНМО гузаронида мешавад, ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ворид карда шуда, барои мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дастрас мегарданд. Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми гузаштани муоинаи тиббӣ ба дурустии маълумоти пешниҳодшуда ва риояи талаботи муқарраргардида диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз 1 январи соли 2027 барои шаҳрванди хориҷие, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, талаботи марбут ба таъмини сатҳи ҳадди ақали даромад барои таъминоти худ ва аъзои оилааш, ки дар Федератсияи Россия ҳамроҳи ӯ қарор дошта, дар таъминоти ӯ мебошанд, пешбинӣ мегардад. Ҳаҷми чунин таъминот набояд аз андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавии муқарраргардида камтар бошад. Коэффитсиенти дахлдор дар ҳар як субъекти Федератсияи Россия бо назардошти шароити минтақа муайян карда мешавад. Дар ҳолате ки шаҳрванди хориҷӣ дар ду ё зиёда субъекти Федератсияи Россия (мисол — вилояти Москва ва Ленинград) фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, ҳисобкунии маблағи зарурӣ бо назардошти баландтарин андозаи ҳадди ақали зиндагии муқарраргардида дар байни минтақаҳои мазкур анҷом дода мешавад. Ба будубоши фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ низ талаботи нав қарор мегирад. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, муҳлати будубоши муваққатии фарзандони ӯ метавонад ба муҳлати амали патент тамдид карда шавад. Ҳамзамон, чунин муҳлат наметавонад аз расидани фарзанд ба синни 18-солагӣ зиёд бошад ва тамдиди будубош ба риояи талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла сари вақт пардохт намудани пардохтҳои авансии андози даромади шахсони воқеӣ, вобаста хоҳад буд. Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро мустақилона риоя намояд. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ӯ бояд дар муҳлати 30 рӯз аз қаламрави Федератсияи Россия хориҷ шавад ё барои фаъолияти меҳнатӣ ба таври дахлдор патент гирифта, пардохтҳои авансии андозро барои худ сари вақт анҷом диҳад ва фаъолияти меҳнатиро қонунӣ ба роҳ монад. Аз 1 марти соли 2027 талаботи марбут ба сатҳи музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия мақоми мутахассиси баландихтисос доранд, низ тағйир меёбад. Ҳадди ақали муайяншудаи музди меҳнати чунин мутахассисон қариб се баробар — аз 250 ҳазор рубл то 717 ҳазор рубл — зиёд карда мешавад. Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, даъват менамояд, ки ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратӣ бо масъулияти ҷиддӣ муносибат намуда, муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, патент, пардохтҳои авансии андоз ва дигар талаботи қонунгузориро сари вақт риоя намоянд. Намояндагӣ таъкид менамояд, ки риояи қонунгузории Федератсияи Россия, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва сари вақт анҷом додани ҳамаи пардохтҳои ҳатмӣ омили муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии мушкилоти марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо мебошад.
