Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Бо мусоидати Намояндагӣ суд парвандаро оид ба ихроҷи маъмурии шаҳрванди Тоҷикистон қатъ намуд

Бо мусоидати Намояндагӣ суд парвандаро оид ба ихроҷи маъмурии шаҳрванди Тоҷикистон қатъ намуд

04 февраль 2014, Вторник
1 591
0
Бо мусоидати Намояндагӣ суд парвандаро оид ба ихроҷи маъмурии шаҳрванди Тоҷикистон қатъ намуд
3 феврали соли 2014 бо қарори Суди ноҳияи Орджоникидзеи ш.Екатеринбург парванда оид ба қоидавайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванди ҶТ, Саъдонов Сӯҳроб Окимҷоновичро қатъ намуд.
Чанд рӯз қабл ба унвони Намояндагӣ дар робита ба боздошти писараш аз ҷониби кормандони мақомоти полис модари Сӯҳроб муроҷиат намуда буд. Ба гуфти аризадиҳанда Сӯҳроб ҳангоми санҷиши кормандони полис бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва будубоши қонунияшро надоштааст. Ин боис шудааст, нисбаташ аз ҷониби кормандони полис парвандаи маъмурӣ бо моддаи 25.10 Қонуни федералӣ оид ба тартиби ворид ба ҳудуди Ф Р ва баромад аз худуди Ф Р ва бо моддаи 18.8 оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардад.
Бо мусоидати корманди ба Ҳавзаи федералии Урал сафарбаршудаи Намояндагӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии шаҳрванд С. Саъдонов ҷамъоварӣ ва ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шуд.
Суд бо дарназардошти маводи пешниҳодгардида парвандаро оид ба қоидавайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванди ҶТ Саъдонов Суҳроб қать намуд.
Қонунгузории федералӣ барои чунин қоидавайронкунӣ, ки дар парвандаи мазкур аз ҷониби кормандони полис пешниҳод шуда буд, ҷазои маъмурӣ дар шакли ихроҷи маъмурӣ татбиқ менамояд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ