Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд полиси суғуртаи ихтиёрии тиббиро тариқи портали «Госуслуги» дастрас намоянд

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд полиси суғуртаи ихтиёрии тиббиро тариқи портали «Госуслуги» дастрас намоянд

02 март 2023, Четверг
265
0
Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд полиси суғуртаи ихтиёрии тиббиро тариқи портали «Госуслуги» дастрас намоянд
Полиси СИТ (суғуртаи ихтиёрии тиббӣ) ҳуҷҷати ҳатмӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия буда, барои гирифтани ёрии тиббӣ ва бо кор таъмин гардидан зарур мебошад. Акнун, хориҷиён метавонанд онро тариқи портали «Госуслуги» дастрас намуда, ба таври онлайн пардохт кунанд.

Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои гирифтани патент барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ буда, ба мӯҳлати 3, 6, 9 ва 12 моҳ таҳия мегардад. Пас аз пардохти арзиш дар сомонаи ширкати суғуртавӣ дар муддати 2 рӯзи корӣ полиси электронии суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба утоқи шахсӣ дар портали «Госуслуги» ворид мегардад.

Тарзи дастрас намудани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ:

- ба утоқи шахсӣ дар портали «Госуслуги» ворид шудан (утоқи шахсӣ бояд тасдиқ гардида бошад)

- хонапурӣ кардани ариза

- пас аз қабул гардидани ариза, тариқи утоқи шахсӣ ба суроғаи сомонаи суғуртавӣ ворид шуда, маблағи суғуртаи ихтиёрии тиббиро пардохт намудан

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ